Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Порлумон ба тарҳи як қонун ислоҳот ворид кард


Маҷлиси поёнии порлумони Тоҷикистон ба Қонун «Дар бораи мақомоти худидораи шаҳрак ва деҳа дар Тоҷикистон» ислоҳот ворид намуд.

Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон бо ворид кардани ин ислоҳот ба қонуни мазкур наҳваи ташкил, баргузорӣ ва назорати маросимҳои диниву мазҳабиро ба ихтиёри руъасои ҷамоъат ва шаҳракҳо вогузошт.
Дар асоси ин ислоҳот минбаъд сабти расмии иттиҳодияҳои динӣ, ташкили масоҷид, ва макотиби динии дар ҳудуди шаҳраку рустоҳо дар доираи салоҳияти раисони ҷамоъатҳо гузошта мешавад. Аммо коршиносон, бо таваҷҷуҳ ба асли ҷудоии дин аз давлат дар Тоҷикистон, ислоҳоти ворида ба қонунро хилофи Қонуни асосӣ арзёбӣ мекунанд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки тарҳи ислоҳот ба Қонун дар бораи мақомоти худидораи шаҳрак ва деҳа бо аксари ороъи вакилони ин маҷлис пазируфта шуд. Лоиҳаи ислоҳот баъд аз 14 соли амали қонуни мазкур ва бо ибтикори вакилони порлумон Латофат Шарифова ва Каримҷон Қодиров аз Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод шудааст.
Дар асоси ин ислоҳот, аз ин ба баъд сабти давлатии иттиҳодияҳои динӣ таъсиси масоҷид ва макотиби динӣ дар ҳудуди шаҳраку рустоҳо дар доираи салоҳияти раисони ҷамоъатҳо гузошта мешавад. Ва танзиму ташкили ҷашну маросимҳои мазҳабӣ, вақт ва замони баргузории онҳо зери назорат ва бо иҷозаи масъулини мақомоти маҳаллӣ сурат мегирад.
Каримҷон Қодиров, узви Кумитаи энержӣ, саноеъ ва сохтмони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ва яке аз муаллифони тарҳи ислоҳот ба қонуни мазкур, гуфт, ин лоиҳа бо мувофақаи ҳукумати Тоҷикистон ва бо ҳадафи ҳамоҳанг ва мутобиқ кардани он бо Қонуни асосии кишвар сурат гирифтааст. Вай афзуд руъасои ҷамоъат ва шаҳраку деҳот ба ҳайси масъули ҳокимият дар маҳалҳо уҳдадор шудаанд, ки фаъъолияти масоҷид, макотиби динӣ ва итттиҳодияҳои мазҳабиро зери назорат бигиранд.
Аммо ба пиндори Муҳиддин Кабирӣ, вакили Маҷлиси намояндагон аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, дар ҳоле ки ҳамаи маърака ва маросимҳои мазҳбӣ ва мардумӣ бо ризоят ва ҳамоҳангии раъисони ҷамоъатҳо доир мешавад, таъкиди ин нукта дар қонун навъе аз мудохила фишор ва маҳдудсозии фаъъолияти масъулони аслии ин маросимҳо мебошад. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар чунин вазъ нақши иттиҳодия ва муъассисоти динӣ ва масоҷид қонунан номаълум мешавад ва, гузашта аз ин, метавонад имкони суиистифода аз ин банди қонун ҳар лаҳза аз сӯи мақомоти маҳаллӣ сурат гирад.
Оқои Кабирӣ афзуд, дар ҳоле ки дар қонуни асосӣ асли ҷудоии давлат ва дин эътироф шудааст ва, аз тарафи дигар, ниҳодҳое чун додситонӣ, милиса ва раъисони навоҳӣ фаъъолияти масоҷид, иттиҳодияҳои динӣ ва ҳама маросимоти мазҳабиро зери назорат доранд зарурате ба як чунин тағйирот ба қонун вуҷуд надорад.
Ҳарчанд Муҳиддин Кабирӣ аз раъиси маҷлиси поёнии порлумони кишвар хост, ки пешниҳоди ӯ дар мавриди лағви ин банди қонунро ба таври алоҳида ба раъйдиҳии вакилон гузорад, аммо бо пуштибонии аксарияти ороъи вакилон аз тарҳи пешниҳодшуда зарурат бар иҷрои пешниҳоди оқои Кабирӣ боқӣ намонд.
Ба ин тартиб, қонуни мазкур пас аз имзои президенти Тоҷикистон ва нашри он дар матбуъоти расмӣ ҷиҳати иҷрои ҳатмӣ қарор хоҳад гирифт.
XS
SM
MD
LG