Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Адахон Мадумаров, раиси порлумони Қирғизистон, рӯзи панҷшанбе ба истеъфо рафт ва ба ин мақом депутат аз ҳизби «Ақ жол» Айтбой Тағоев пешбарӣ шуд.

Дар раъйдиҳӣ, ки ба таври махфӣ сурат гирифт, аз 79 депутати Ҷуқорғи Кенеш ба тарафдории Айтбой Тағоев 77 нафар депутатҳо раъйи мусбат доданд. Ба ин тартиб Айтбой Тағоев курсии раиси порлумонро ишғол кард. Раиси нави порлумони Қирғизистон гуфт, ҳарчанд вай таҷрибаи кофӣ надорад, вале мӯътақид аст, ки 90 депутати порлумон муттаҳид хоҳанд шуд ва қонунҳоеро таҳия ва ба тасвиб хоҳанд расонд, ки ба нафъи мардуми кишвараш хидмат хоҳанд кард.

Аммо Адахон Мадумаров, раиси пешини порлумон, таи як нишасти матбуотӣ гуфт, дар даврае, ки вай мақоми раиси порлумонро бар ӯҳда дошт, тавонист, ки рафтору гуфтори депутатҳоро ба тарафи мусбат тағйир диҳад. Ба гуфтаи Адахон Мадумаров, Қирғизистон дар ҷомеъаи озод ба сар мебарад, аз ин лиҳоз дар кишвараш ҳар як амали раиси порлумон зери назорати умум қарор дорад.

Вай афзуд, ки бо вуҷуди ин шояд баъзан ба эҳсосот дода шуд ва барои ин рафтораш аз депутатҳои порлумон маъзарат хост. Аз Адахон Мадумаров пурсида шуд, ки оё ба сафи мухолифин хоҳад пайваст ё на? Ба гуфтаи оқои Мадумаров, вай фикри пайвастан ба сафи оппозисиюнро надорад, вале чунин мешуморад, ки худро ҳамеша дар сафи оппозисиюни конструктив медид. Мавсуф таъкид кард, ки вайро дар вайрон кардани этика муттаҳам карданианд, вале ӯ ин даъвоҳоро комилан инкор мекунад.

Исҳоқ Масалиев, депутат аз ҷиноҳи ҳизби коммунист, дар мавриди Адахон Мадумар мегӯяд, ки вай бештар ба эҳсосот дода шуд, аммо дар мавриди раиси нави порлумон бар ин назар аст, ки Айтбой Тағоев ба мақоми таъйиншудааш хеле лоиқ аст. Оқои Масалиев далел овард, ки Айтбой Тағоев фикри президент ва ё нахуствазир шуданро ҳаргиз дар сар напарвардааст ва ин фазилаташ вайро ба мақоми раиси порлумон овард.

Марс Сариев истеъфои Адахон Мадумаровро хоҳиши Кохи сафед арзёбӣ кард. Ба гуфтаи ӯ, раиси пешини порлумон қурбони ҳуҷуми тарҳрезишуда гардид ва президент ба ин васила худро аз вартаи ногуворе раҳонид. Мавсуф гуфт, ки Мадумаров президентро дурӯя номид ва ба қаҳри вай дучор шуд.

Турсунбой Бакир уғли, собиқ раиси Омбдусмени Қирғизистон, дар мавриди интихоби раиси нави порлумон изҳор кард, ки вай дар миёни мардум тарафдорони зиёд дорад. Ба гуфтаи Бакир уғли, аммо Айтбой Тағоев бештар хомӯширо афзал медонад ва амалеро иҷро хоҳад кард, ки ба вай амр мекунанд. Мавсуф афзуд, дар шароите, ки кишварашро иҳота кардааст, ин фазилати хуб ва нишонрас аст.

XS
SM
MD
LG