Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афғонистон: 15 кушта ва 56 маҷруҳ дар як ҳодиса


Дар Бадахшони Афғонистон автомобили борбар аз роҳ хориҷ ва ба садама дучор шудааст. Дар натиҷа 15 нафар кушта, 56 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Мақомоти маҳаллӣ гуфтаанд, чархболҳои низомӣ дар интиқоли афроди маҷруҳ кумак кардаанд. Дар вилояти Хуст ду бамгузори интиҳорӣ қасд доштаанд ба посгоҳи нируҳои амрикоӣ ҳамла баранд. Вале пулиси Афғонистон аз ин кор ҷилавгирӣ кардааст. Кормандони пулис ба суи табаҳкорон оташ кушодаанд ва ҳар дуро аз байн бурдаанд. Дар вилояти Ҳилманд як бамгузори интиҳорӣ савори мототсикл ба мошини пулис ҳамла кардааст ва як ғайринизомиро куштааст.
XS
SM
MD
LG