Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эҳуд Олмерт мегуяд, ки ба истеъфо намеравад


Эҳуд Олмерт-нахуствазири Исроил тақозоҳоро дар бораи истеъфояш рад кардааст. Идаъо мешавад, ки вай дар ришвахорӣ даст дорад. Эҳуд Олмерт идаъоро дар ин бора, ки гуё вай садҳо ҳазор доллар ришва гирифтааст ё ғайриқонунӣ дар ширкатҳое сармоягузорӣ кардааст, рад мекунад ва мегуяд, вай намехоҳад ба истеъфо равад. Қаблан Эҳуд Борак-вазири дифоъ ва раиси Ҳизби Коргари Исроил таҳдид кард, ки агар нахуствазир истеъфо надиҳад, вай аъзои ҳизби худро аз ҳайати кобина фаро мехонад.
XS
SM
MD
LG