Пайвандҳои дастрасӣ

Непал: Барои холӣ кардани қаср ба шоҳ вақт доданд


Непал, сарзамине дар Ҳимолой дируз ба ҷумҳурӣ табдил ёфт. Бад-ин тартиб, низоми салтанатии Непал баъд аз тақрибан 240 сол ба поён расид. Намояндагони порламони нави Непал бо аксарияти оро низоми салтанатиро лағв ва низоми ҷумҳуриятро ба тасвиб расонданд. Дар порламони нав собиқ размандагони маоист , ки даҳ сол барои барканории шоҳ мубориза кардаанд, аксариятро ташкил медиҳанд. Раҳбарони сиёсӣ эълон карданд, ки шоҳ Гианендра тақрибан ду ҳафта дар ихтиёр хоҳад дошт, то кохи салтанатиро дар Катманду холӣ кунад.
XS
SM
MD
LG