Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳмадинежод бори нахуст ба Аврупои Ғарбӣ меояд


Дируз ҳукумати Итолиё эълон кард, ки Маҳмуди Аҳмадинежод-раиси ҷумҳури Ирон ба нақша гирифтааст, ки ҳафтаи оянда дар Рум дар конфронси СММ роҷеъ ба амнияти ғазоӣ ширкат ҷуяд. Дар он сурат ин нахустин сафари Аҳмадинежод ба Аврупои Ғарбӣ хоҳад буд. Вазири хориҷаи Итолиё гуфт, Аҳмадинежод ба Рум иттилоъ додааст, ки рузҳои 3-4-уми июн дар мулоқоти раҳбарон ширкат хоҳад ҷуст. Соли 2007 Маҳмуди Аҳмадинежод дар Маҷмаъи Умумии СММ дар Нию Йорк ширкат карда буд. Вай ҳамчунин соли гузашта аз Белорус боздид кард.
XS
SM
MD
LG