Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муқовиланомаи манъи бамҳои хушаӣ ба тасвиб мерасад


Ҳайатҳои намояндагии беш аз сад кишвар роҷеъ ба матни муқовиланомаи байналмиллалии манъи бамҳои хушаӣ ба тавофуқ расиданд. Баъд аз даҳ рузи гуфтушунудҳо ин тавофуқот дар Дублини Ирлонд ба даст омад. Бамҳои хушаӣ баъд аз партоб маъмулан дар ҳаво мунфаҷир ва дар масоҳати васеъ ба ҳазорон пораи марговар мубаддал мешаванд. Чунин бамҳо ба инсоният хатари марбор дорад. Тарҳи муқовиланома рузи ҷумъа дар иҷлоси умумӣ ба тасвиб мерасад. Ин санад навъе расмиёт дониста мешавад. Дар музокироти Дублин бузургтарин кишварҳои тавлидкунандаи бамҳои хушаӣ, аз ҷумла Амрикову Руссия ва Чин ширкат накарданд.
XS
SM
MD
LG