Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Киев Русияро аз Севастопол берун мекунад


Укроин бори дигар изҳор намуд, ки ҳузури нерӯҳои баҳрии Русия дар қаламрави кишварро тамдид карданӣ нест. Тибқи созиши миёни ду кишвар, мӯҳлати будубоши Флоти баҳри Сиёҳии Русия дар шаҳри Севастополи Укроин то соли 2017 муқарар шудааст. Намояндаи вазорати хориҷаи Укроин Василий Кирилич имрӯз гуфт, ки Киев мавзӯъи тамдиди созишро баррасӣ нахоҳад кард. Қаблан Владимир Дорохин, сафири вижаи Русия гуфта буд, ки Маскав хостори идомаи ҳузураш дар Севастопол аст.

Ёдовар мешавем, ҳамин моҳ мири шаҳри Маскав Юрий Лужков дар як маросим дар Севастопол мансубияти ин шаҳр ба Укроинро зери суол бурда буд.

XS
SM
MD
LG