Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷомеъаи ҷаҳонӣ кумак ба Мянмарро идома хоҳад дод


Бо вуҷуди тасмими мақомоти Мянмар барои тамдиди ҳабси хонагии рабари мухолифин ва барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел Аун Сан Су Чжи ҷомеъаи ҷаҳонӣ ироаи кумакҳо ба мардуми аз тӯфон осебдидаро идома хоҳад дод. Имрӯз вазорати хориҷаи Амрико эълом дошт, ки кумак ба мардуми Мянмарро қатъ карданӣ нест. Ҳамзамон Ҷорҷ Буш, раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида аз вазъи Су Чжи, ки 12 сол боз дар манзилаш маҳбус аст, изҳори нигаронӣ кард. Аз тасмими ахири мақомоти Мянмар имрӯз Бан Ки Мун, Дабири Кулли Созмони Милал низ изҳори таассуф намуд.

Ба иттилоъи мақомоти Мянмар, бар асари тӯфони “Наргис” 134 ҳазор нафар ба ҳалокат расида ваё беному нишон ғайб задаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG