Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди Афви Байнулмилал аз Русия


Созмони байнулмилалии Amnesty International ё Афви байнулмилал аз раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев даъват кард, ки барои гиромидошти ҳуқуқи башар дар кишвар тадбир андешад. Имрӯз масъулини ин созмон дар Маскав гузориши нави худ дар бораи вазъи ҳуқуқи башар дар кишварҳои олам ва муроҷиат ба мақомоти Русияро пешниҳод карданд. Дар муроҷиати Amnesty International ба зарурати таҷдиди назари қонун дар бораи созмонҳои ғайриҳукуматӣ ишора шудааст. Ҳомиёни ҳуқуқи башар мегӯянд, ки ин қонун ҳуқуқи созмонҳои ғайриҳукуматиро маҳдуд месозад.

Amnesty International аз нақзи ҳуқуқи башар дар Қавқози Шимолӣ, афзоиши бегонаситезӣ дар Русия ва ҳукмҳои ноодилонаи додгоҳӣ дар ин кишвар низ изҳори нигаронӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG