Пайвандҳои дастрасӣ

Панҷ вагон об ба ҷойи бензин


Хадамоти гумруки Хатлон мегўяд, ширкати «Газпром нафт»-и Русия панҷ қатор оби нўшиданиро ба ҷойи сўзишвории бензин вориди Тоҷикистон кардааст.

Ин нахустин ҳодисаи воридоти садҳо ҳазор тонна об ба ҷойи бензин ба Тоҷикистон будааст ва он ҳам, ба қавли мақомот, аз ҷониби як чунин ширкати азим ва бонуфузи «Газпром нафт» аз шаҳри Санкт-Петербург содир шудааст.

Олим Шарифов, сухангўи Раёсати гумруки Хатлон, бо таъйиди ин хабар ба радиои Озодӣ гуфт, ҳар ду қатори роҳи оҳан, ё ба истилоҳи маъмул, вагон, ки мебоист бо 110 тон бензини навъи 92 ба Қўрғонтеппа мерасид, 98 дар сад об андарун дошт ва се вагони дигари пуроби «Газпром нафт» ба Душанбе, пойтахт, расидааст. Оқои Шарифов афзуд, қаторҳои воридаро «Газпром нафт»-и Русия ба намояндагии ширкати худ «Газпром нафт - Тоҷикистон» ирсол кардааст.

Ва аммо масъулини ширкати «Газпром нафт - Тоҷикистон» иддаоҳои гумрукиёни Хатлонро ба шиддат рад карда ва мегўянд, қаторҳои пуроби ворида моли ширкати мазкур нест ва дар таҷрубаи кори «Газпром нафт» чунин иштибоҳоти пурзиён сар назадааст. Рустам Ҳалимов, яке аз масъулини ширкати «Газпром нафт - Тоҷикистон» гуфт, дар корхонаи сўзишвории Русия ҷараёни боркунии бензин ба вагонҳоро ҷиддан назорат мекунанд ва дигар ин ки дар ҳар истгоҳе, ки қатораро манъ мекунанд, то ба Тоҷикистон расидан, дар ҳама нуқтаҳо вагонҳоро месанҷанд ва гумрукиёни кишварҳои тронзитӣ ҳеҷ гоҳ намегузоранд, ки ду вагони пуроб то ба Тоҷикистон омада расад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки масъулини Хадамоти гумруки Хатлон мегўянд, аз мақомоти интизомии Русия тақозои таҳқиқ ва ба муҷозот кашидани афродеро кардааст, ки дар ирсоли қаторҳои пуроби мансуб ба ширкати «Газмпром нафт» даст доштанд.

Ҷамъияти саҳҳомии «Газпром нафт»-и мутааллиқ ба давлати Русия тобистони соли 2007 намояндагии худро дар Тоҷикистон ифтитоҳ кардааст. Ҳадафи аслии ширкати мазкур, ба қавли масъулинаш, таъмини бозори Тоҷикистон бо сӯзишвориҳои гуногун ва таъсир гузоштан дар коҳиши қимати маводди нафтӣ дар ин кишвар мебошад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG