Пайвандҳои дастрасӣ

Ас-Садр ҷонибдоронашро ба эътироз даъват кард


Муқтадо Ас-Садр, раҳбари шиаҳои ифротгарои Ироқ имрӯз аз ҷонибдоронаш хост, ки алайҳи нияти ҳукумат барои тамдиди ҳузури нерӯҳои амрикоӣ дар кишвар эътироз кунанд. Ба гуфтаи ӯ, будубоши низомиёни ИМА дар Ироқ баъд аз 31 декабри соли равон, яъне баъд аз поён ёфтани мӯҳлати мандати Созмони Милали Муттаҳид, "хилофи манфиатҳои миллии Бағдод хоҳад буд".

Ҷорҷ Буш, раисиҷумҳури ИМА ва Нурӣ Ал-Моликӣ, сарвазири Ироқ охири соли гузашта эълом доштанд, ки то поёни моҳи июли соли равон дар бораи ҳузури минбаъдаи нерӯҳои Амрико дар қаламрави Ироқ созиш имзо мекунанд. Музокирот миёни мақомоти Ироқ ва ИМА дар ин мавзӯъ аз моҳи март ба ин сӯ идома дорад.

XS
SM
MD
LG