Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лориҷонӣ ҳушдор медиҳад


Алии Лориҷонӣ, раиси нави Маҷлиси Эрон имрӯз ҳушдор дод, ки кишвараш метавонад ҳамкорӣ бо Оҷонси байнулмилалии неруи ҳастаиро таҷдиди назар кунад. Дар нахустин суханронӣ дар Маҷлис Алии Лориҷонӣ аз он изҳори таассуф кард, ки дар гузориши ахири Оҷонс дар мавриди барномаи ҳастаии Эрон ба таври духура изҳори назар шудааст. Дар ин гузориш Оҷонси байнулмилалии неруи ҳастаӣ, аз ҷумла, аз он изҳори нигаронӣ кардааст, ки Теҳрон иттилоъ дар мавриди идомаи ғанисозии ураниум дар кишварро махфӣ нигаҳ медорад.

XS
SM
MD
LG