Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Регар» ва «Парвоз» боз пирӯз шуданд


Бозиҳои даври 9-уми мусобиқоти қаҳрамонии лигаи олии футболи Тоҷикистон баргузор шуданд.

«Регар» ТадАЗ-и Турсунзода бар тими меҳмон - «Вахш»-и Қӯрғонтеппа бо натиҷаи 2:0 пирӯз гардид. Голҳоро Иброҳим Рабимов (дақиқаи 47-ум) ва Аскар Равшанов (90+2) ба самар расонданд. «Регар» ТадАЗ, ки дар 8 дидор 22 имтиёз ба даст овардааст, дар садри ҷадвали мусобиқот қарор дорад.
«Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров низ дар меҳмонӣ бар «Саройкамар»-и Панҷ бо ҳисоби 3:1 ғалаба кард. Се голи «Парвоз»-ро Нӯъмонҷон Ҳакимов (дақиқаҳои 2-юм, 81-ум ва 83-юм) ва як голи «Саройкамар»-ро Ҷонибек Ғаффоров (88) ба ҳадаф расонданд. «Парвоз», ки нисбат ба рақиби аслиаш – «Регар» ТадАЗ - ду бозӣ камтар анҷом додааст, бо 18 имтиёз дар зинаи дуввум ҷойгир шудааст. Бояд тазаккур дод, ки ин ду дастаи пешсаф то ҳоло ба мағлубият дучор нашудаанд. Инчунин «Парвоз» дар ҳамаи 6 дидор пирӯз гардида, ягон холро аз даст надодааст. Вале «Регар» ТадАЗ, ки дар 7 бозӣ ғолиб шуда, як бозиро мусовӣ анҷом додааст, аз 2 хол бенасиб мондааст.
«Динамо»-и Душанбе дастаи меҳмон - «Тоҷиктелеком»-и Қӯрғонтеппаро бо ҳисоби 1:0 мағлуб кард. Тӯбро дар дақиқаи 49-ум ба дарвозаи «Тоҷиктелеком» Фатҳулло Фатҳуллоев зад. «Динамо» бо 15 имтиёз ба зинаи севвум баромад.
«Хуҷанд»-и Хуҷанд» дар сафар аз «Гвардия»-и Душанбе бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд. Ба ду голи Темур Нурматов (21) ва Руслан Салимов (54) бозигари «Хуҷанд» Равшан Марофиев (58) бо як гол ҷавоб дод. «Хуҷанд», ки аз 7 бозӣ 13 имтиёз гирифтааст, дар ҷадвали мусобиқот як зина поин – ба ҷои 4-ум - фуромад.
Ду даста – «Тоҷиктелеком»-и Қӯрғонтеппа ва CSKA «Помир»-и Душанбе 12-имтиёзӣ гирифтаанд. Бо дарназардошти таносуби беҳтари тӯбҳо «Тоҷиктелеком» дар ҷои 5-ум ва CSKA «Помир» дар ҷои 6-ум қарор доранд.
Бахтиёр Ҳасанов, бозигари «Рагар» ТадАЗ, ки ба дарвозаи рақибонаш 7 тӯб задааст, дар сабқати голзанҳои беҳтарин дар ҷои аввал мебошад. Пирмурод Бурҳонов («Тоҷиктелеком») ва Нӯъмонҷон Ҳакимов («Парвоз») бо 6-голӣ ҷойҳои дуввуму севвумро бо ҳам мебинанд.
Мавқеъи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот

Б
Ғ
М
Б
Т
И
1.
«Регар» ТадАЗ
8
7
1
0
27-6
22
2.
«Парвоз»
6
6
0
0
15-2
18
3.
«Динамо»
8
4
3
1
10-6
15
4.
«Хуҷанд»
7
4
1
2
7-5
13
5.
«Тоҷиктелеком»
8
4
0
4
14-12
12
6.
CSKA «Помир»
8
4
0
4
7-11
12
7.
«Вахш»
7
3
1
3
6-6
10
8.
«Гвардия»
8
2
1
5
9-19
7
9.
«Саройкамар»
10
1
2
7
12-23
5
10.
«Равшан»
7
1
1
5
7-15
4
11.
«Энергетик»
7
1
0
6
9-18
3

Се бозии даври 10-уми мусобиқот 31-уми май байни дастаҳои CSKA «Помир» - «Вахш», «Тоҷиктелеком» - «Энергетик», «Парвоз» - «Регар» ТадАЗ ва ду бозии дигар 1-уми июн байни дастаҳои «Хуҷанд» - «Динамо» ва «Равшан» - «Гвардия» баргузор мешаванд.
XS
SM
MD
LG