Пайвандҳои дастрасӣ

Саакашвилӣ ва Медведев муносиботро баррасӣ мекунанд


Михоил Саакашвилӣ-раиси ҷумҳури Гурҷистон гуфтааст, вай ҳафтаи оянда бо Дмитрий Медведев-ҳамтои руси худ мулоқот ва ташаннуҷи равобити миёни ин ду кишвар бар сари Абхозистонро баррасӣ мекунад. Вай гуфт:
"Ман мехоҳам ҳар масъаларо бо раиси ҷумҳури нави Руссия баррасӣ кунам ва ба назарам он ба нафъи ҳар дуи мост ва ба нафъи Руссияи нав ва раиси ҷумҳури нав низ ҳаст".
Ташаннуҷи вазъ замоне шадидтар шуд, ки Гурҷистон Руссияро дар суқути ҳавопаймои бесарнишини Гурҷистон дар Абхозистон муттаҳам кард. Оқои Саакашвилӣ гуфтааст, ба нақша гирифтааст, ки рузҳои 7-8-уми июн дар ҳошияи маҷмаъи иқтисодии Санкт Петербург бо Медведев дидор ва гуфтугу кунад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG