Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Чин 420 000 манзили дигар ба замин яксон шуд


Матбуоти давлатии Чин мегӯяд, имрӯз дар асари зилзила дар вилояти аз заминларзаҳои қаблӣ азиятдидаи Сичуан беш аз 420 000 манзили дигар ба замин яксон шудааст. Зилзила вақте рух дод, ки мақомот наздики 80 000 нафарро аз давру бари кӯле, ки дар асари лағзиши хок дар пайи заминларзаи пурқурбонии рӯзи 12 май ба вуҷуд омадааст, кӯч доданд.

Дар асари он заминларза беш аз 67 000 нафар ҳалок шуда, зиёда аз 20 000 нафари дигар ҳамчунон беномунишон боқӣ мемонанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG