Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар шаҳри Душанбе мусобиқаи бози тенниси рӯи миз байни варзишгарони навраси маълули кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор шуд.

Дилбар Шарифова, раҳбари Олимпиадаи махсуси Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, дар мусобиқа 36 нафар теннисбозони ҷавони Тоҷикистон, Афғонистон ва Узбакистон ширкат карданд.
Дар рақобатҳои инфиродӣ байни духтарон Саида Донаева, аз Тоҷикистон, ва байни писарон Фурқат Қодиров, аз Узбакистон, пирӯз гардиданд.
Дар сабқати ҷуфти омехта хонандагони мактаб-интернати шумораи 2-и шаҳри Душанбе Комилҷон Қаҳҳоров ва Олга Филина ҷои аввалро касб карданд.
Инчунин дар гурӯҳи аввал Диловар Раҳмонзода ва дар гурӯҳи дувум Олга Овсянникова (ҳарду аз шаҳри Душанбе) ғолиб шуданд.
XS
SM
MD
LG