Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маскав ба таҳқиқоти СММ эътимод надорад


Маскав мегӯяд, ба гузориши СММ, ки Русияро масъули суқути як моҳи пеши ҳавопаймои бидуни сарнишини Гурҷистон дар фазои вилояти ҷудоиталаби Абхозистон эълон кард, эътимод надорад.
Сафири Русия дар Тифлис Вячеслав Коваленко низ имрӯз натиҷагирии нозирони СММ-ро радд кард ва гуфт: “Бори дигар такрор мекунам, маводе, ки ҳайъати СММ истифода бурдааст, хеле машкук ба назар мерасад. Ман пеш аз ҳама, ин наворе, ки ҳоло дар саросари ҷаҳон давр мезанад, ва ҳам маводи радарро дар назар дорам.”

Дар баёнияе, ки вазорати хориҷаи Русия дар саҳфаи интернетиаш нашр кард, гуфта мешавад, Маскав бо ҳайъати СММ масъала надорад, вале мутмаин аст, маълумоте, ки ин гузориш бар пояи он таҳия шудааст, муғризона ва якҷониба буд.


Имрӯз вазорати хориҷаи Гурҷистон аз Русия “қотеъона” талаб кардааст, барои суқути ин ҳавопаймои гурҷӣ расман узр хоста, “ҷуброни муносибе” низ бипардозад.

Дирӯз нозирони СММ гуфтанд, ки ҳавопаймои бидуни сарнишини Гурҷистонро дар фазои вилояти ҷудоиталаби Абхозистон дар моҳи гузашта нирӯҳои Русия суқут додаанд.
XS
SM
MD
LG