Пайвандҳои дастрасӣ

Афзоиши куштор дар заминаи адовати қавмӣ дар Русия


Дафтари ҳуқуқи башари Маскав мегӯяд, тайи 5 моҳи соли ҷорӣ дар Русия 72 нафар, аз ҷумла 6 шаҳрванди Тоҷикистон дар заминаи адовати қавмиву нажодӣ кушта шудаанд.

Александр Чарний, муовини раиси ин созмон гуфт, ин арқом баробари теъдоди кушташудагон дар тамоми тӯли соли гузашта буда, аз афзоиши бакарати мизони бегонаситезӣ дар Русия дарак медиҳад.

Александр Чаний мегӯяд, миллатгароён 6 шаҳрванди Тоҷикистонро кушта,и 23 нафари дигарро захмӣ кардаанд.

Дафтари ҳуқуқи башари Маскав пойтахти Русия ва Санкт-Петербургро ду пойгоҳи аслии гурӯҳҳои миллатгаро ном бурда мегӯяд, 51 нафар, яъне 70 дарсади куштори муҳоҷирон дар заминаи адовати қавмиву нажодӣ дар ҳамин 2 шаҳр рух додааст.
XS
SM
MD
LG