Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Кишти пахта дар Тоҷикистон ҳанӯз идома доштааст


Вазорати кишоварзии Тоҷикистон мегӯяд, то имрӯз дар кишвар дар майдони қариб 243 000 гектар пахта киштаанд, ки тақрибан 96 дарсади нақшаро ташкил медиҳад. Аммо бо вуҷуди наздик шудани фасли тобистон, мавсими кишти пахта дар Тоҷикистон ҳанӯз идома доштааст.

Соли гузашта Тоҷикистон аз 255 000 гектар майдони пахта 420 000 тонна ҳосил ҷамъ овард. Яъне хеле камтар аз 550 000 тонна нақшаи солонаи кишвар.

XS
SM
MD
LG