Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мӯҳлати ҳабси хонагии Суу Кӣ тамдид шудааст


Хабарҳои расида аз Мянмар ҳокист, ки хунтаи низомии ҳоким дар ин кишвар замони ҳабси хонагии барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел Аунг Сан Суу Киро тамдид кардааст. Аммо ҳанӯз маълум нест, ки замони ҳабси назарбанди раҳбари мухолифини Мянмар барои 1 сол тамдид шуда ё танҳо барои 6 моҳ.

Субҳи имрӯз пулис наздики 20 тарафдори Суу Киро ҳангоми раҳпаймоӣ ба самти манзили вай дар Янгон боздошт кард. Суу Кӣ тайи 18 соли охир беш аз 12 солро ё дар зиндон ва ё таҳти ҳабси хонагӣ ба сар бурдааст.

Замони охирин ҳукми ҳабси хонагии ӯ имрӯз ба поён расид.

XS
SM
MD
LG