Пайвандҳои дастрасӣ

Пойгоҳи низомии Русия бо нархи 110млн$ фурӯхта шуд


Вазорати дифоъи Русия як пойгоҳи низомиаш дар минтақаи бонуфузи Рублево дар ҳошияи Маскавро тавассути музояда ба як ширкати хусусӣ ба қимати 110, 2 миллион доллар ба фурӯш задааст. Ин пойго феълан мавриди истифода қарор надошт.

Бо вуҷуди мухолифати низомиёни аршади рус, вазири дифоъи кишвар Анатолий Сердюков ҷиҳати фурӯши ин ва чанд пойгоҳи дигари низомӣ дастур дода, ҳамчунин барномаи ихтисори шумори афсарони вазорати дифоъ ва ситоди кулли артиши Русияро низ пешниҳод кардааст.

XS
SM
MD
LG