Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Канада Голодомори Украинаро наслкушӣ хоҳад шинохт


Сарвазири Канада Стивен Ҳарпер гуфтааст, ки ӯ аз қарори парлумони ин кишвар, ки Голодомор, ҳалокати миллионҳо украинӣ дар солҳои сиюми асри гузашта дар асари гуруснагиро генотсид ё худ наслкушӣ эътироф мекунад, пуштибонӣ хоҳад кард. Стивен Ҳарпер ин суханонро дар ҳузури раисиҷумҳури Украина Виктор Юшенко баён кард. Юшенко, ки мушарраф ба ҳаққи суханронӣ дар иҷлосияи муштараки ҳарду маҷлиси парлумони Канада шуда буд, аз кӯмакҳои мудавоми он кишвар ба Украина изҳори сипос кард. Канада истиқлолияти Украина аз Шӯравиро дар соли 1991 билофосила эътироф карда буд.

Феълан дар ин кишвар ҳудуди 1,2 миллион муҳоҷири украинӣ ба сар мебаранд.

XS
SM
MD
LG