Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хунтаи Мянмар Суу Киро кай раҳо мекунад?


Бино ба хабарҳо, пулиси Мянмар тақрибан 20 тан аз ҷонибдорони барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел Аунг Сан Суу Киро боздошт кардааст. Аъзои ҳизби Суу Кӣ ҳангоми раҳпаймоӣ ба самти манзили вай дар Янгон, пойтахти пешини Мянмар, дастгир шудаанд. Замони ҳабси хонагии Суу Кӣ имрӯз ба поён мерасад, вале хунтаи низомии ҳоким дар Мянмар то кунун ба ҳиҷ сурате эълом накардааст, ки ӯро раҳо хоҳад кард ё на.

Суу Кӣ тайи 18 соли охир беш аз 12 солро ё дар зиндон ва ё таҳти ҳабси хонагӣ ба сар бурдааст.

Хунтаи низомии Мянмар қарораш дар бораи раҳоии мухолифи сарсахти худро бояд дар ин рӯзҳои барояш хеле сахт эълом кунад. Ҳокимони низомии Мянмар ба иллати вокуниши кунди онҳо ба тӯфони пурқурбонии Наргис таҳти интиқоди шадиди байналмилалӣ қарор доранд. Дар асари ин тӯфон, ки рӯзи 2 май ба Мянмар фурӯ рехт, тақрибан 134 000 нафар ҳалок ва ё беномунишон шуданд.

XS
SM
MD
LG