Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Гурҷистон тазоҳуроти эътирозӣ баргузор шуд


Дируз даҳҳо ҳазор нафар дар Тифлис-пойтахти Гурҷистон бар зидди Михоил Саакашвилӣ-раиси ҷумҳур тазоҳурот анҷом доданд ва уро муттаҳам карданд, ки дар натиҷаҳои интихоботи порламонии ҳафтаи гузашта ба тақаллуб роҳ додаанд. Бино ба гузориши хабаргузории Ройтерз, ҳудуди 40 ҳазор нафар дар назди бинои порламон гирдиҳам омадаанд. Саломе Зурабашвилӣ-собиқ вазири хориҷа яке аз тазоҳуркунандагон буд ва гуфт, мухолифон мехоҳанд, ки натиҷаҳои интихобот эътироф нашавад ва порламон лағв гардад.
XS
SM
MD
LG