Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ожонси ҳастаӣ аз Эрон "тавзеҳоти зиёд" мехоҳад


Бунгоҳи Байналмиллалии Энержии Ҳастаӣ гуфт, Эрон ҳамчунон барои хунсо сохтани идаъо дар ин бора, ки чи тавр наҳваи иҷоди аслиҳаи ҳастаиро омухтааст, бояд "тавзеҳоти зиёд" пешкаш кунад. Ин ожонс ҳамчунин гуфтааст, ки Эрон дархости СММ-ро дар бораи муттаваққиф сохтани ғанисозии урониюм рад кардааст. Ҳоло Ирон дар корхонаи ҳастаии худ дар Натанз 3 ҳазору 500 чархаи фаъол дорад. Ин маълумот дар гузориши ахири Ожонси Байналмиллалии Энержии Ҳастаӣ дар бораи барномаҳои зиддунақизи ҳастаии Ирон оварда шуда буд. Аз ин гузориши махфӣ дар расонаҳои хабарии Ғарб нақли қавл карданд. Гузориш ба Шурои Амнияти СММ ва 35 нафар узви Шӯрои Мудирони ожонс фиристода шуда буд.
XS
SM
MD
LG