Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Маскав изҳороти нозирони СММ-ро рад кард


Имрӯз Маскав изҳороти нозирони Созмони Милали Муттаҳид дар мавриди аз сӯи низомиёни Русия нобуд шудани ҳавопаймои бидуни сарнишини гурҷӣ дар фазои Абхазистонро рад кард. Вазорати дифоъи Русия бори дигар эълом дошт, ки рӯзи 20 апрел ҳавопаймоҳои низомии кишвар дар наздикиҳои ҳарими ҳавоии Гурҷистон парвоз накардаанд.

Имрӯз нозирони Созмони Милали Муттаҳид фарзияи Тифлис дар мавриди суқути ҳавопаймои бесарнишини гурҷӣ дар фазои Абхазистонро таъйид карданд. Мақомоти Абхазистон гуфтанд, ки ҳавопаймои бидуни сарнишини Гурҷистон аз тири неруҳои низомии ин ҷумҳурии ҷудоихоҳ суқут кардааст ва аммо Тифлис иддао дошт, ки ҳавопаймо мавриди ҳамлаи низомиёни рус қарор гирифтааст. Карл Билдт, вазири умури хориҷаи Шветсия бо такя ба гузориши ахири нозирони СММ гуфт, ки аз тири низомиёни Русия дар фазои Абхазистон суқут кардани ҳавопаймои бесарнишини Гурҷистон комилан тасдиқ шудааст.

XS
SM
MD
LG