Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Брюсел санаи музокирот бо Русияро таъин кард


Вазирони хориҷаи кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо дар як нишаст дар Брюссел тасмим дар мавриди оғози музокирот бо Русия дар бораи имзои созишномаи нави ҳамкориро пазируфтанд. Намояндагони Иттиҳодияи Аврупо гуфтанд, ки интизор меравад ин музокирот моҳи июн шурӯъ шавад. Созишномаи нав бояд ҳамкорӣ дар бахшҳои иқтисод, тиҷорат, амният, маориф, фарҳанг ва илмро фаро гирад. Мӯҳлати созиши пешин моҳи декабри соли гузашта поён ёфта буд.

Дмитрий Рупел, вазири умури хориҷаи Словения, садри даврии Иттиҳодияи Аврупо дар нишасти Брюсел нигарониҳои кишварҳои аврупоӣ аз ҳалношуда боқӣ мондани низоъҳо дар Гурҷистон ва Молдоваро эълом дошт ва гуфт, ки дар музокирот бо Маскав бояд рӯи ин мушкилот низ тамаркуз шавад.

XS
SM
MD
LG