Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бомбҳои хӯшаиро манъ кардан мехоҳанд


Як ҳафта инҷониб дар пойтахти Ирландия ҳайъатҳои наздик ба 110 кишвари олам ва созмонҳои байналмилалӣ лоиҳаи созиши манъи нигаҳдошт ва истифода аз бомбҳои хушаиро баҳс доранд.

Дар давоми як сол ташаббуси манъи ин навъи силоҳ мавриди пуштибонии кишварҳои мухталифи олам қарор гирифт, вале истеҳсолкунандагони асосии бомбҳои хушаӣ ё худ кассетӣ, тавре онро баъзеҳо меноманд, дар нишасти Дублин ҳузур надоранд.

Ташкилкунандагони конфронси байналмилалӣ дар шаҳри Дублини Ирландия бовар доранд, ки паёми қурбониҳои бомбҳои хушаӣ аз Афғонистон, Камбоджа, Эфиопия, Ироқ, Лубнон, Сербия, Тоҷикистон ва Вйетнам барои расидан ба ҳадаф, яъне имзои ҳар чӣ зудтар созиши манъи истифода аз бомбаҳои хушаӣ кумак мерасонад.

Таҳияи созиши манъи истифодаи бомбҳои хушаӣ моҳи феврали соли 2007-ум оғоз ёфта буд ва дар давоми як соли гузашта зери сарпарастии СММ ин раванд суръат бештар гирифт. Дар сӯҳбат бо хабарнигорон Томас Наш - яке аз вакилони конфронс ва ҳамоҳангсози гурӯҳи ғайридавлатии Cluster Munition Coalition ё худ Эътилофи муҳиммоти хушаӣ гуфт, ғайримунтазира баҳс пешрафти назаррас касб намуд ва мувофиқати ҷонибҳо дар ташхиси истилоҳи "бомбҳои хушаӣ" наздик шудааст.

Ба гуфти вакилони конфронс дар пойтахти Ирландия ҳоло ду вазифаи асосӣ дар пеш аст: Яке ташхиси силоҳест, ки ҳамчун бомб ва ё муҳиммоти хушаӣ номгузорӣ хоҳад шуд. Ва сониян, кишварҳо бояд давраи гузариш, яъне давраи иҷрои ин созишро муайян намоянд.

Бомби хушаӣ дар ҳаво мунфаҷир шуда, даҳҳо бомби хурдтареро дар самтҳои мухталиф пароканда мекунад. Бар илова, он бомбҳои хурде, ки баъди бархӯрд бо замин натаркидаанд, метавонанд, баъдан мунфаҷир гашта, одаму ҳайвон ва ё таҷҳизотеро маҳв намоянд.

Дар лоиҳаи созиши конфронси Дублин омадааст, ки кишварҳои шарики ин санад аз таҳқиқ, истифода, захира, нигаҳдошт ва интиқоли муҳиммоти хушаӣ даст мекашанд. Ҳамчунон, тибқи созиш ба кишварҳо барои маҳви захираҳои мавҷудаи бомбҳои хушаӣ шаш сол дода хоҳад шуд.

Вале набояд фаромӯш кард, ки дар нишасти Ирландия ҳайъатҳои кишварҳои асосии истеҳсолкунанда ва нигаҳдорандаи бомбҳои хушаӣ: Чин, Ҳиндустон, Исроил, Покистон, Русия ва ИМА ҳузур надоранд.

XS
SM
MD
LG