Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ аз фарзияи Тифлис пуштибонӣ кард


Нозирони Созмони Милали Муттаҳид фарзияи Тифлис дар робита ба суқути ҳавопаймои бидуни сарнишини гурҷӣ дар фазои Абхазистонро таъйид карданд. Ин ҳодиса 20 апрели соли равон рух дод ва мақомоти Абхазистон гуфтанд, ки ҳавопаймои ҷосусии Гурҷистон аз тири неруҳои низомии ин ҷумҳурии ҷудоихоҳ суқут кардааст. Ва аммо Тифлис иддао дошт, ки ҳавопаймо мавриди ҳамлаи низомиёни рус қарор гирифтааст. Маскав, дар навбати худ, ин иттиҳомро рад мекард. Карл Билдт, вазири умури хориҷаи Шветсия бо такя ба гузориши СММ гуфт, ки аз тири низомиёни Русия суқут кардани ҳавопаймои бесарнишини Гурҷистон дар фазои Абхазистон комилан тасдиқ шудааст.

XS
SM
MD
LG