Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Зодаи Тоҷикистон Котиби давлатии Қирғизистон шуд


Қурмонбек Боқиев, президенти Қирғизистон бо судури як амр Дусбул Нур-уғлиро ба мақоми Котиби давлатии кишвараш таъйин кард.

Дусбул Нур-уғли то таъйин шуданаш ба ин мақом вазифаи ноиби нахуствазири кишварашро бар ӯҳда дошт. Вай соли 1948 дар шаҳри Шӯроби ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар шимоли ин кишвар таваллуд шудааст ва миллаташ қирғиз мебошад. Оқои Нур-уғли риштаи таърихи Донишгоҳи давлатии Қирғизистонро хатм карда, солҳои дароз вазифаҳои мухталифи давлатиро бар ӯҳда доштааст. Ҳамчунин, аз соли 2000 то соли 2005 депутати порлумон интихоб шудааст. Вазири омӯзишу парвариш, илм ва сиёсати ҷавонони Қирғизистон ва баъдан ноиби нахуствазир буд. Доктори илми таърих мебошад. Гуфта мешавад, ки вай роҷеъ ба таърих, мавқеъи ҷуғрофӣ ва иқтисоди Қирғизистон беш аз саду панҷоҳ мақолаи илмӣ ва ҳашт рисолаи таҳқиқотӣ навиштааст.

Досали Эсаналиев, сухангӯи раёсати ҷумҳури Қирғизистон ба бахши тоҷикии радиои Озодӣ гуфт, котиби давлатӣ ӯ ба масоиле сарукор дорад, ки сиёсати дохила ва берунаи кишварашро арзёбӣ мекунанд.

Коршиносон чунин мешуморанд, ки ба мақоми Котиби давлатии Қирғизистон пазируфта шудани Дусбул Нур-уғли бесабаб нахоҳад буд. Ба гуфтаи коршиносон, дар ин авохир миёни Қирғизистону Тоҷикистон баъзе танишҳои марзӣ арзи вуҷуд намудааст. Гуфта мешавад, Дусбул Нур-уғли дар аз миён бардоштани ин танишҳо нақши муассир хоҳад бозид.

Мақоми Котиби давлатӣ дар кишварҳои Осиёи марказӣ фақат дар Қирғизистон ва Қазоқистон вуҷуд дорад.

Президент Боқиев ҳамчунин вазири дифоъи кишвараш Исмоил Исоқовро аз вазифааш сабӯкдӯш намуд ва ӯро дабири Шӯрои амният таъйин кард. Бақитбек Калиев вазири дифоъ таъйин гардид. Ҳамчунин президенти Қирғизистон ба ҷои Дусбул Нур-уғли Элмира Иброҳимоваро ноиби нахуствазир таъйин кард.

XS
SM
MD
LG