Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Феникс" аксҳои Миррихро ба Замин фиристод


Фазопаймоии “Феникс” нахустин аксҳо аз сайёраи Миррихро ба Замин ирсол кард. Ин киштии таҳқиқотии НАСА – Оҷонси ҳавонавардии Иёлоти Муттаҳида баъд аз даҳ моҳи парвоз дар қисмати шимолии Миррих фуруд омад. Питер Смит, раҳбари илмии эскпедитсия гуфт, ки ҳадафи аслии “Феникс” пажуҳиши қабатҳои ях дар қутби шимоли “сайёраи сурх” ва пайдо кардани нишонаҳои ҳаёт дар Миррих аст.
XS
SM
MD
LG