Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афғонҳо алайҳи тирандозӣ ба Қуръон эътироз карданд


Имрӯз садҳо сокинони вилояти Лугар, воқеъ дар ҷануби Кобул дар намоиши эътирозӣ алайҳи аз сӯи як сарбози амрикоӣ тирборон шудани Қуръони Шариф ширкат карданд. Полис ба эътирозгарон барои бастани шоҳроҳ имкон надод. Даҳҳо тан аз ширкаткунандагони намоиш боздошт шуданд.

Ду ҳафта пеш хабар расид, ки дар Бағдод як низомии амрикоӣ сӯи китоби муқаддаси мусалмонҳо тирандозӣ кардааст. Баъд аз ин дар сартосари Афғонистон намоишҳои эътирозӣ алайҳи ин амали ҷинояткорона шурӯъ шуданд. Ҷорҷ Буш, раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида ваъда дод, ки сарбози амрикоии сӯи Қуръони Шариф тирандохта ҳатман муҷозот хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG