Пайвандҳои дастрасӣ

Мухолифин интихоботи навро талаб доранд


Аҳзоби мухолифи ҳукумати Гурҷистон аз мандатҳои порлумон даст кашида, ҳамзамон хостори интихоботи нави парлумонӣ шуданд. Яке аз раҳбарони Иттиҳоди мухолифин Давид Гамкрелидзе имрӯз дар гирдиҳамоӣ дар маркази Тифлис мақомотро дар тақаллуби натоиҷи интихоботи рӯзи 21 май муттаҳам кард.

Ба иттилоъи хабаргузориҳо, дар гирдиҳамоӣ тақрибан 40 ҳазор ҷонибдорони Иттиҳоди мухолифин, Эътилофи насронӣ-демократӣ, Ҷунбиши насронӣ-демократӣ, Ҳизби кор ва Ҳизби ҷумҳурихоҳон ширкат доранд. Онҳо дар канори Кохи варзиши Тифлис ҷамъ омада, сипас сӯи хиёбони Шота Руставелӣ раҳсипор шуданд, ки он ҷо паради низомӣ ба шарафи Рӯзи истиқлоли Гурҷистон идома дошт.

XS
SM
MD
LG