Пайвандҳои дастрасӣ

Қурбониҳои заминларзаи нав дар Чин


Бар асари заминларзаи нав дар Чин дасти кам 6 нафар кушта ва тақрибан ҳазор нафар маҷрӯҳ шуданд. Ба иттилоъи расмӣ, тақрибан 70 ҳазор бино фурӯ рехтааст. Мақомоти Чин имрӯз ҳамчунин хабар доданд, ки теъдоди кушташудагон бар асари заминларзаи ду ҳафтаи пеш дар устони Сичуан аз марзи 62 ҳазор нафар убур кард.

Имрӯз тақрибан ду ҳазор низомиён ба корҳои ҷилавгирӣ аз берун шудани оби як кӯл аз соҳилҳояш машғуланд. Ин кӯл дар канори шаҳри Бейчуан бар асари ярч ва заминларза пайдо шудааст. Мақомот аз он ҳарос доранд, ки бар асари борон оби ин кӯл аз соҳилҳояш берун шуда, шаҳру деҳоти атрофро тахриб месозад.

XS
SM
MD
LG