Пайвандҳои дастрасӣ

Бозиҳои даври 8-уми мусобиқоти қаҳрамонии лигаи олии футболи Тоҷикистон баргузор шуданд.

«Регар» ТадАЗ-и Турсунзода дар меҳмонӣ, дар ноҳияи Хуросон, бар дастаи «Тоҷиктелеком»-и Қурғонтеппа бо натиҷаи 3:1 пирӯз гардид. Қаҳрамони порсолаи футболи Тоҷикистон, ки дар 7 дидор 19 имтиёз ба даст овардааст, ҳамоно дар садри ҷадвали мусобиқот қарор дорад.
«Парвоз»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳамчунин дар меҳмонӣ ба дарвозаи «Гвардия»-и Душанбе ду тӯби беҷавоб зада, пирӯзӣ ба даст овард. Ҳоло «Парвоз», ки нисбат ба рақиби аслиаш – «Регар» ТадАЗ – ду бозӣ камтар анҷом додааст, бо 15 имтиёз дар зинаи дувуми ҷадвали мусобиқот ҷой гирифтааст. Воқиъан, ин ду дастаи пешсаф то ҳол ба мағлубият дучор нашудаанд.
Муддаъии дигари унвони қаҳрамонӣ дастаи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд дар сафар «Саройкамар»-и Панҷро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод. Ин ғалаба ба дастаи «Хуҷанд» имкон дод, ки дар ҷадвали мусобиқот ду зина болотар – ба ҷои севум – барояд. Футболбозони Хуҷанд аз 6 бозӣ 13 имтиёз ба даст овардаанд.
«Динамо»-и Душанбе дар сафар аз дастаи «Вахш»-и шаҳри Қурғонтеппа бо ҳисоби 0:1 мағлуб шуда, барои бори нахуст дар сабқати имсола ба нокомӣ мувоҷеҳ шуд.
CSKA «Помир»-и пойтахти кишвар дар майдони худ «Энергетик»-и Душанберо бо ҳисоби 2:1 мағлуб кард.
Феълан дастаҳои «Тоҷиктелеком», «Динамо» ва CSKA «Помир» 12-имтиёзӣ гирифтаанд. Бо дарназардошти шумораи ғалаба ва таносуби беҳтари тӯбҳо «Тоҷиктелеком» дар ҷои 4-ум буда, CSKA «Помир» ва «Динамо» мутаносибан дар радифҳои 5-ум ва 6-ум қарор гирифтаанд.
Бахтиёр Ҳасанов, бозигари «Рагар» ТадАЗ, ки ба дарвозаи рақибонаш 7 гол задааст, дар сабқати голзанҳои беҳтарин пешсаф мебошад. Пирмурод Бурҳонов, («Тоҷиктелеком») бо 6 гол дар ҷои дувум аст.

Мавқеъи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1.

«Регар» ТадАЗ

7

6

1

0

25-6

19

2.

«Парвоз»

5

5

0

0

12-1

15

3.

«Хуҷанд»

6

4

1

1

6-3

13

4.

«Тоҷиктелеком»

7

4

0

3

14-11

12

5.

CSKA «Помир»

8

4

0

4

7-11

12

6.

«Динамо»

7

3

3

1

9-6

12

7.

«Вахш»

6

3

1

2

6-4

10

8.

«Саройкамар»

9

1

2

6

11-20

5

9.

«Равшан»

7

1

1

5

7-15

4

10.

«Гвардия»

7

1

1

5

7-18

4

11.

«Энергетик»

7

1

0

6

9-18

3

Чаҳор бозии даври навбатии мусобиқот 27-уми май байни дастаҳои «Регар» ТадАЗ - «Вахш», «Динамо» - «Тоҷиктелеком», «Гвардия» - «Хуҷанд» ва «Саройкамар» - «Парвоз» баргузор мешаванд.
XS
SM
MD
LG