Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чин оби кулҳои ба вуҷуд омадаро раҳо мекунад


Имруз низомиёни Чин барои боз кардани кулҳои ба амломада дар натиҷаи зилзилаи ахири Чин маводи мунфаҷира ба кор мебаранд. Дар натиҷаи ин зилзилаи фоҷеъабор ва лағзиши куҳҳову теппаҳо дар аёлати Сичуон даҳҳо кул ба вуҷуд омадааст. Мақомоти Чин мегуянд, ки агар борони шадид борад ё шамоли сахт вазад мумкин аст об аз лаббаҳои соҳили кули ба вуҷуд омадаи Тангҷиашан хориҷ ва кул рахна шавад. Дар он сурат фоҷеъаҳои дигари инсонӣ низ ба вуҷуд хоҳад омад. Ҳоло шумораи қурбониёни зилзила ба беш аз 60 ҳазор нафар расидааст. Дируз низ зилзилаи шадид рух дод, ки дар натиҷаи он 2 нафар кушта, 480 нафар ҷароҳат бардоштанд ва 70 ҳазор хона фуру рехт.
XS
SM
MD
LG