Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раҳбарони ҷаҳон генерал Сулаймонро табрик мекунанд


Дируз намояндагони порламони Лубнон тибқи Қонуни Асосии ин кишвар Мишел Сулаймонро бо аксарияти оро раиси ҷумҳури ин кишвар интихоб карданд. Интизор меравад, бо интихоби раиси ҷумҳур даргириҳои дохилӣ, ки кишварро ба вартаи ҷанги дохилӣ наздик карда буд, хотитима ёбад. Мишел Сулаймон 59 сол дорад ва то интихобаш ба ин мақом нуҳ сол фармондеҳи артиши Лубнон буд. Ҷорҷ Буш-раиси ҷумҳури Амрико ва баъзе раҳбарони ҷаҳон Мишел Сулаймонро ба муносибати интихобаш табрик гуфтанд.
XS
SM
MD
LG