Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳофизакорон ҷонибдори раёсати Лориҷонӣ ҳастанд


Порамони нави Ирон ё Маҷлиси Шурои Исломӣ мехоҳад Алӣ Лориҷонӣ-собиқ раиси ҳайати музокироти ҳастаии Ирон раиси порламони нав интихоб шавад. Дар порламони нав муҳофизакорон аксариятро ташкил медиҳанд. Хабаргузории ИРНО гузориш медиҳад, ки муҳофизакорон бо 161 рай дар муқобили 50 рай ба ҷонибдорӣ аз Лориҷонӣ ва бар зидди Ғуломҳадод Одил рай медиҳанд. Ҳоло Ҳадод Одил раёсати порламони кунуниро бар уҳда дорад. Вай низ аз ҷиноҳи муҳофизакорон аст. Лориҷонӣ барои дарёфти мақоми раёсати ҷумҳурӣ дар интихоботи соли 2009 яке аз рақибони Маҳмуди Аҳмадинежод дониста мешавад.
XS
SM
MD
LG