Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Лубнон ниҳоят соҳиби президент шуд


Порлумони Лубнон имрӯз дар як раъйдиҳии деринтизор фармондеҳи артиш, генерал Мишел Сулаймонро президенти нави Лубнон интихоб кард. Ин номзад бидуни рақиб ва бо ризоияти ҳамаи тарафҳо ба мақоми президент пешниҳод шуд ва пуштибонии 118 вакил аз 127 нафарро ба даст овард. Вазирони умури берунаи Итолиё, Франко Фраттинӣ, Эрон, Манучеҳри Муттакӣ ва Фаронса, Бернор Кушнер аз ризоияти тарафҳо ба интихоби Сулаймон истиқбол карданд. Интихоби президенти Лубнон аз моҳи ноябр ба ин сӯ 19 бор ба таъвиқ афтода, сабаби чандин бӯҳрони сиёсӣ ва як даргирии мусаллаҳона гардид.
XS
SM
MD
LG