Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Порлумон - лӯхтаки дасти президентҳо?


Досим Cатпаев, сиёсатшиноси шинохтаи қазоқ, чунин мешуморад, ки дар кишварҳои худкома порлумони воқеӣ вуҷуд дошта наметавонад.

Ба ақидаи ӯ, дар чунин кишварҳо порлумон нақши лухтакро бозӣ мекунад. Ба гуфтаи сиёсатшинос, дар ағлаби кишварҳои минтақа чунин вазъ ба мушоҳида мерасад. Зеро дар ин кишварҳо ду рукни ҳокимият, яъне ниҳоди қонунбарор ва додгоҳ мустақил нестанд ва онҳо ба шохаи сеюм, яъне ба ниҳоди иҷроия, тобеанд. Ба таъкиди оқои Сатпаев, чунин вазъро ҳам дар Қазоқистон ва ҳам дар Узбакистону Тоҷикистон метавон мушоҳида намуд.

Дар мавриди Туркманистон бошад, тавре сиёсатшинос мегӯяд, ҷои гап ҳам нест. Сиёсатшинос меафзояд, ки дар ин кишварҳо ҳама ниҳодҳо дар хидмат ва ё ихтиёри раиси ҷумҳур ҳастанд ва ба ҳеч ваҷҳ онҳо, аз ҷумла ниҳоди қонунбарор, мустақилона фаъолият карда наметавонанд. Вай мегуяд, мо мебинем, ки порлумон на он ниҳодест, ки аз бахш ва ва қишрҳои гуногуни ҷомеъа намояндагӣ мекунад, балки он ба як ҷузъи иловагии ниҳоди иҷроия табдил ёфтааст. Ва ин порлумон на ба манфиатҳои мардум, балки ба раиси ҷумҳурӣ ва дигар ниҳоди иҷроия хидмат мекунад ва дар асл он ҳамчун як навъ саҳнасозӣ аст.

Оқои Сатпаев иброз медорад, ки порлумон супоришҳо ва он ҳуҷҷатҳоеро, ки аз ҷониби ҳукумат пешниҳод мегардад, бидуни муҳокимаи ҳамаҷониба мепазирад ва аз хеш ибтикоре ҷиҳати қабул кардани қонуне намекунад.

Ин нуктаро Жармахон Туяқбой, раиси Ҳизби сосиал-демократии Қазоқистон, ки замоне худ сарвари порлумони кишвар буду барои ноодилона сурат гирифтани интихобот аз маснади хеш истеъфо дода буд, низ таъйид мекунад ва мегӯяд, ки таи солҳои истиқлолият фаъолияти порлумон дар кишварҳои минтақа на беҳтар, балки бадтар шудааст. Вай бо таассуф иброз медорад, ки нақши порлумон дар кишварҳои Осиёи Марказӣ назар ба солҳои аввали истиқлолият торафт коҳиш меёбад.

Окои Туякбой афзуд, ки дар ин муддат порлумон зоҳиран тағйир ёфт ва дар баъзе кишварҳо ниҳоди қонунбарор аз ду маҷлис иборат шуд ва интихоботи порлумонӣ низ дар бештари кишварҳо ғолибан аз тариқи феҳристи ҳизбӣ ҷараён гирифт. Вале ҳамаи ин тағйироти зоҳирист ва чизеро дар ин кишварҳо дигар накард ва баръакс бештари салоҳиятҳое, ки дар ихтиёри порлумон буд, ба дасти раиси ҷумҳур ва дигар ниҳодҳои иҷроия гузашт ва ин боиси комилан беранг шудани нақши парлумон гардид.

Як тан аз шаҳрвандони Узбакистон бо такя ба гуфтаи коршиносон ин масъаларо дар кишвари хеш арзёбӣ карда афзуд, ки порлумони Узбакистон бозичаест дар дасти раиси ҷумҳур ва он ҳеч ягон масъаларо мустақилона ба миён нагузоштааст ва танҳо ҳама ташаббусҳои раиси ҷумҳурро ҷонибдорӣ мекунад. Ба гуфтаи ин шаҳрванди Узбакистон, аз дасти порлумони кишвараш дигар ҳеч коре намеояд.

Вале коршиносон бар инанд, ки вазъ дар ҳамаи кишварҳои минтақа дар ин маврид яксон нест. Аз ҷумла, ба андешаи сиёсатшинос Айдос Саримов, дар минтақа порлумони Қирғизистонро мустақил ва ба андозае демократӣ метавон ҳисоб кард. Дар ин кишвар порлумон аз ибтидо ба андозае озодтар аст ва ҳарчанд алъон Қурмонбек Боқиев барои паст кардани нақши он баъзе чораҳоро пиёда кардааст, вале дар ҳар сурат дар ин кишвар ниҳоди қонунбарор ба андозае озод аст.

Дар дигар кишварҳои минтака, ба гуфтаи Айдос Саримов, порлумон ҳатто чун идораи раиси чумҳур ва бахши ҳукумат нақш надорад. Вале чаро чунин шуда, ки дар ағлаби кишварҳои минтака порлумон, ки дар асл бояд минбари кулли мардум бошад, ба чунин вазъи ногувор расида ва сол то сол ҳоли он бадтар мегардад ва бо кадом роҳҳо метавон накши онро боло бурд?

Ба ин пурсиш Досим Сатпаев чунин посух мегӯяд, ки фаъолияти порлумон ҳамон вақт муассир ва коршоям мегардад, ки он, нахуст, дар натиҷаи интихоботи ҳамешагии озод ва мунсифона ташкил ёбад ва, сониян, худи порлумон аз ҷониби шохаи иҷроияи ҳокимият чун шарики баробарҳуқуқ шинохта шавад.

Жармахон Туяқбой ва дигар ҳамсӯҳбатони мо низ интихоботи озодро шарти асосии ба вуҷуд овардани порлумони воқеӣ медонанд. Вале сиёсатшинос Айдос Саримов бовар надорад, ки дар замони ҳукмронии раисони ҷумҳури феълӣ, ки худ қонунро халалдор мекунанду манфиатдори баргузории интихоботҳои озод нестанд, дар кишварҳои минтақа чунин интихоботҳои озод сурат бигиранд. Аз ин хотир вай аз мансаб дур гардидани сарварони худкомаи минтақаро шарти аввали дар оянда ба вуҷуд овардани парлумони вокеӣ медонад.

Зеро сиёсатшинос ва ағлаби ҳамсӯҳбатони мо бар инанд, ки то он замоне ин сарварон дар сари қудрат ҳастанд, онон зарурати тақсими қудратро эҳсос намекунанд ва нодида мегиранд, ки дигар марказҳои тасмимгирӣ низ ҳастанд ва машвара бо аҳли ҷомеъа зарур аст. Айдос Саримов таъкид мекунад, то он замоне, ки ин раисони ҷумҳур ҳукм меронанд, онҳо ҳамаи ин равандҳоро ба мазҳака табдил медиҳанд ва онҳо ниҳодҳои маснуъӣ ва аҳзоби маснуъӣ месозанд ва интихоботҳои маснуъӣ доир мекунанду порлумони маснуъӣ ба вуҷуд меоваранд.

Бар илова, ба андешаи коршиносон, бояд дар оянда дар кишварҳои минтақа аҳзоби воқеан сиёсӣ арзи вуҷуд кунанд ва онҳо дар ин кишварҳо бояд корҳои равшангароиро тақвият бахшанд то мардум дарк кунанд, ки порлумони воқеӣ зарур аст ва дар он бояд ашхосе ҷой бигиранд, ки онҳо на хидматгор ва балегӯёни раисони ҷумҳур, балки хайрхоҳ ва пуштибони воқеии мардум бошанд ва қонунҳои барои аҳли ҷомиа судбахш қабул намоянд.

XS
SM
MD
LG