Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хушунат занҳоро ҷинояткор мекунад


Гузоришгари вижаи СММ гуфт, афзоиши хушунат алайҳи занон дар Тоҷикистон ба афзоиши ҷиноят аз сӯи занҳо дар ҷумҳурӣ мунҷар шудааст.

Якин Уртурк, гузоришгари вижаи Созмони Милал дар умури ҳуқуқи башар, ки ба масоили ҳуқуқи занон расидагӣ мекунад, дар як нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, Тоҷикистонро зарур аст, қонуни вижае дар мавриди ҳуқуқи занонро таҳия ва тасвиб кунад. Хонум Уртурк ба нақл аз қавли як мақоми давлат гуфт, тарҳрезии ин қонун идома дорад ва дар оянда дар порлумон ба тасвиб хоҳад расид.

Якин Уртурк дар ҷараёни сафари чандрӯза ба Тоҷикистон аз зиндони занон дар минтақаи Норак дидан кардааст. Хонум Уртурк дар посух ба суоли хабарнигори Радиои Озодӣ, ки аксари занҳо ба чӣ иттиҳоме зиндонӣ шудаанд, гуфт:

«Аксари занҳо ба ҷурми шавҳаркушӣ, интиқоли маводи мухаддир зиндонӣ шудаанд. Ва худи ин далели он аст, ки хушунат алайҳи занон дар ҷумҳурӣ бештар дар хонавода ва ҷои кор афзоиш ёфтааст. Ва дар ҷараёни сӯҳбат бо занҳои зиндонӣ чунин ба назар расид, ки онҳо аз ноилоҷӣ муртакиб ба чунин ҷиноятҳои сангин шудаанд. Барои мисол, бархе аз занҳо асноди никоҳ ва ҳатто шиноснома надоранд ва ҳангоми талоқ гирифтан аз шавҳар бесарпаноҳ мемонанд. Ва ба далели надоштани асноди зарурӣ мурофиаи додгоҳ низ ба нафъи онҳо хулоса намешавад. Ва ин қабил занон аз сӯи давлат пуштибонӣ намеёбанд. Дар Тоҷикистон бошишгоҳҳҳои махсус барои занони хушунатдида ками дар кам аст. Ва ба ин далел таҳия ва тасвиби қонуни ҷадид ба нафъи ин гурӯҳ занҳо хоҳад буд.»

Ба илова хонум Уртурк гуфт, ки дар ҳама шаҳру навоҳии Тоҷикистон бояд хатти телефони боварӣ ташкил шавад, то арзи занҳоро сареъ бишнаванд ва ба онҳо кӯмак расонанд ва кор то ба додгоҳ нарасад. Хонум Уртурк гуфт, ӯ мушкили мавҷуд дар мавриди хушунат дар Тоҷикистонро ба мақомоти ҷумҳурӣ ироа кардааст ва умедвор аст, ки давлат дар ҳалли ин мушкил гомҳои ҷиддӣ хоҳад бардошт.

XS
SM
MD
LG