Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гузориши низомиёни аршади Амрико


Рӯзи 22 май, дар ҷаласаи Кумитаи хадамоти низомии Сенати ИМА фармондеҳони амрикоӣ генерал Дейвид Петреус ва Раймонд Одиерно дар бораи пешрафтҳои низомӣ дар Ироқ гузориш доданд.

Бар пояи ин гузориш сенаторон бояд генерал Петреусро ба мансаби фармондеҳи ситоди марказии нерӯҳои ИМА пешбарӣ намоянд ва агар сенаторон ба пешбарии Петреус мувофиқат кунанд, генерал Одиерно шояд ба вазифаи феълии генерал Петреус фармондеҳи нерӯҳои эътилофи байналмилалии зери раҳбарии ИМА дар Ироқ пешбарӣ шавад.

Ситоди марказӣ амалиёти сарбозони амрикоӣ дар Ховари Миёна ва Осиёи Марказиву Ҷанубиро назорат мекунад. Аснои сӯҳбат бо сенаторон Петреус гуфт, ки низомиёни ИМА дар коҳиши хушунати Ироқ ба пешрафти фавқулода муваффақ шудаанд, вале иҷрои баъзе барномаҳо эҳтимол ба таъхир афтад. Генерал Дейвид Петреус мегӯяд, эҳтимол ӯ ба президенти ИМА Ҷорҷ Буш машварат диҳад, ки тирамоҳи соли равон ба бозгашти сарбозони амрикоӣ аз Ироқ иҷозат диҳад, вале ба ақидаи фармондеҳи нерӯҳои эътилофи байналмилалии зери раҳбарии ИМА таслими масъулияти амниятӣ ба ироқиҳо шояд тибқи нақша иҷро нашавад.

Ба қавли Петреус, ҳафтаи гузашта дар Ироқ поинтарин мизони тасодуфҳои амниятӣ дар давоми чор соли ахир ба қайд гирифта шуд. Генерали амрикоӣ афзуд, ки ин дастовард ба шарофати ҳамоҳангии фаъолиятҳои тамоми ниҳодҳои шарик дар мубориза бо ошӯбгарон ва хомӯш анмудани ихтилофҳои мазҳабӣ ҳосил шудааст.

Феълан дар Ироқ 160000 сарбози амрикоӣ мустақар мебошанд. Дар идомаи сӯҳбат фармондеҳи нерӯҳои эътилофи байналмилалии зери раҳбарии ИМА дар Ироқ эътироф кард, ки ба эҳтимоли қавӣ масъулияти кафолати амният дар баъзе вилоятҳои Ироқ то соли 2009-ум бар дӯши сарбозони эътилоф боқӣ монад.

Генерал Петреус бори дигар Эронро бо таъмини силоҳ ба ҷангҷӯёни шиамазҳаб муттаҳам намуда, таъкид кард, ки Теҳрон ҳамоно як нерӯи нооромкунандаи минтақа аст.

Довталаби курсии раёсатҷумҳурии ИМА сенатор Ҳилларӣ Клинтон аз ҳизби демократ аз Петреус дар бораи вазъи Афғонистон суол кард. Клинтон дар ташвиш аст, ки сарпарастони ал-Қоида то ҳанӯз дастгир нашудаанд. Ба фикри сенатор Клинтон, ИМА бар зидди ошӯбҳои толибони афғон ба қадри кофӣ тамаркуз намекунад.

XS
SM
MD
LG