Пайвандҳои дастрасӣ

Вазъи нигаронкунандаи қаиқронӣ дар Тоҷикистон


Маҷаллаи навбатии «Ҷаҳони варзиш»-и Радиои Озодӣ тақдими шумо мегардад.

Барнома бо муҳимтарин ахбори варзишӣ оғоз шуда, сипас мавзӯъи асосии барнома – вазъи қаиқронӣ дар Тоҷикистон – ба шумо пешкаш мешавад.
Қаиқронӣ дар замони шӯравӣ яке аз риштаҳои маъмули варзиш дар Тоҷикистон ба шумор мерафт. Вазъи ин навъи олимпии варзиш имрӯз дар кишвар чи гуна аст? Дар ин мавзӯъ суҳбате доштем бо мураббии варзидаи тоҷик, устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ Кулул Қурбонов.
К. Қурбонов дар ин робита, аз ҷумла, гуфт: «Вазъи қаиқронӣ имрӯз дар Тоҷикистон боиси нигаронист. Ин навъи варзиш ҳоло танҳо дар шаҳрҳои Душанбеву Хуҷанд ва ноҳияи Муъминобод ба роҳ монда шудааст. Барои рушди қаиқронӣ дар кишвар мо бо мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ мешавем. Қаиқ (байдарка ва каноэ) намерасад, мураббиён низ ангуштшуморанд. Ба иллати набуди маблағ варзишгарони мо дар мусобиқоти байнулмилалӣ хеле кам ширкат мекунанд».
Барои ба таври комил шунидани барнома ишораи «аудио» дар тарафи рости болои саҳифаро пахш кунед.
XS
SM
MD
LG