Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қазоқистон ва Русия: ҳамкориҳо густариш меёбанд


Дмитрий Медведев ва Нурсултон Назарбоев, 22-вуми май, шаҳри Остона

Дмитрий Медведев ва Нурсултон Назарбоев, 22-вуми май, шаҳри Остона

Д. Медведев, раисҷумҳури Русия, Қазоқистонро яке аз шарикони стротежии кишвараш хонда, гуфт, аз ҳамин сабаб аввалин сафари расмиаш маҳз аз он оғоз гардид.

Комилан равшан аст, афзуд президенти Русия, ки ин ба он муносиботи вижа ва таҷрибаи чандинсола ва муваффақонаи ҳамкории мо бастагӣ дорад, ва аз ҳама муҳим он аст, ки дар Русия ҳамкории комилан дӯстона ва ба ҳарду ҷониб судманд бо Қазоқистонро, ки шарики стротежиамон аст, қадр мекунанд.
Медведев таъкид намуд, ки худи ҳамин сафар баёнгари он аст, ки кишвараш ба кадом самт ҳаракат мекунад ва Русия минбаъд низ ҳамкорӣ бо кишварҳои собиқ шӯравиро муҳимтарин самти фаъъолияти хеш меҳисобад.
Нурсултон Назарбоев, раисҷумҳури Қазоқистон, низ аз Дмитрий Медведев барои анҷоми сафари нахустинаш ба Қазоқистон изҳори сипос намуд ва эълом намуд, ки Русия барои кишвараш ҳамкори шумораи як маҳсуб мегардад.
Дар ҷараёни мулоқоти сарони ду кишвар баёнияи муштарак қабул гардид, ки дар он самтҳои минбаъдаи ҳамкории Русияву Қазоқистон муайян гардидааст. Дар ин баёния, аз ҷумла, гуфта шудааст, ки ин кишварҳо тавофуқномаи ҳамкории дарозмуддат ва ҳамгароиро омода ва ба имзо мерасонанд. Н. Назарбоев ин баёнияро ҳуҷҷати муҳим арзёбӣ кард, зеро, ба андешаи ӯ, сатҳи равобити ду кишвар имкон медиҳад, ки ин кишварҳо ба таври нав андеша ва барои дарозмуддат ҳамкорӣ намоянд.
Дар ҳамин ҳол, ҷонибҳо дар бораи рушди ҳамкориҳояшон дар бахшҳои фанновариҳои навин ва атом ва таъсиси ширкатҳои муштарак ҷиҳати бунёди нерӯгоҳи ҳастаӣ ва ҳамкорӣ дар бахши кайҳон низ ба тавофуқ расиданд. Сарвари Қазоқистон пешниҳод кард, ҷиҳати пиёда кардани тарҳи бунёди канали дарёи Хазарро ба дарёи Сиёҳ пайвасткунанда, ки барои кишварҳои Осиёи марказӣ роҳро ба уқёнусҳои бузург боз мекунад, минбаъд ҳамкорӣ намоянд.
Гуфта шуд, ки яке аз самтҳои увлавиятдошта ҳамкории ду кишвар дар бахши энергетика аст ва дар ин робита Қазоқистон пешниҳод кард, ки корхонаи муштарак бо Русия ҷиҳати тасфияи нафт бунёд карда шавад.
Ҳамчунин Нурсултон Назарбоев гуфт, ки ҳаҷми асосии нафту гози ин кишвар ба Аврупо аз тариқи системаи лӯлаҳои Русия интиқол хоҳад гашт, ва мо ба накша гирифтаем, ки имсол нафти Русияро ба Чин аз тариқи Қазоқистон интиқол диҳем.
Ҳамчунин сарвари Қазоқистон таъкид намуд, ки ҳарду кишвар ҷиҳати кашфи конҳои нави нафту гоз дар дарёи Хазар фаъъолона ҳамкорӣ хоҳанд намуд.
Ҷонибҳо аз гардиши колои ҳарду кишвар изҳори қаноатмандӣ намуданд. Дар соли гузашта он ба беш аз 16 миллиард доллар расид, ки ин назар ба соли 2006-ум 27% зиёд аст.
XS
SM
MD
LG