Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Киев захоири энержии Хазар баррасӣ мешавад


Имруз Укроин мизбони мулоқоти намояндагони 30 кишвар хоҳад буд. Қарор аст дар ин мулоқот масоили энержӣ баррасӣ шавад ва дар кори он руасои ҷамоҳири 9 кишвар ширкат ҷуянд. Масъалаи аслии матруҳа дар ин дидор роҳҳои интиқоли нафту гози ҳавзаи Дарёи Хазар ба Аврупост, ки бояд аз қаламрави Руссия нагзарад. Ширкаткунандагон сарнавишти ояндаи лулаи нафти полуданашудаи Укроин дар Одесса-Бродиро низ баррасӣ мекунанд. Интизор намеравад, ки дар ин мулоқот намояндагони аршади ҳукумати Руссия ширкат кунанд. Ба ҷуз аз Виктор Юшенко-раиси ҷумҳури Укроин ва мизбон дар ин мулоқот руасои ҷамоҳири Озарбойҷону Гурҷистон, Эстония, Латвия, Литва, Молдова, Лаҳистон ва Руминия ширкат мекунанд. Интизор меравад, ки намояндагони Созмони Миллали Муттаҳид, Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо, Бонки Аврупоии Рушду Бозсозӣ ва Бонки Ҷаҳонӣ ҳузур ёбанд.
XS
SM
MD
LG