Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шумораи қурбониёни зилзилаи Чин ба 55-ҳазор расид


Бино ба хабари манобеъи расмӣ, шумораи қурбониёни зилзилаи аёлати Сичуони Чин ба беш аз 50 ҳазор нафар расидааст. Лӣ Ченгуин-муовини раиси аёлати Сичуон гуфт, шумораи қурбониёни зилзилаи ҳафтаи гузашта ба 55-ҳазору 239 нафар расидааст ва то ҳол аз 25 ҳазор нафари дигар дараке нест. Бино ба хабари манобеъи расмӣ дар зилзилаи 12-уми май беш аз 280 ҳазор нафар маҷруҳ шудаанд. 5-милёну 400- ҳазор бино хароб шудааст. Ҳукумати Чин гуфтааст, ки талош мекунад дар зарфи се соли оянда шаҳракҳои харобшуда ва зербанои ин шаҳракҳоро барқарор кунад.
XS
SM
MD
LG