Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

САҲА: Дар интихоботи Гурҷистон пешравӣ ҳаст


Нозирони байналмиллалӣ гуфтаанд, ҷараёни ин интихоботи порламонӣ дар Гурҷистон ҳамвор ва муккамал набудааст. Ба ақидаи онҳо, бо вуҷуди чунин камбудиҳо дар муқоиса бо интихоботи раёсати ҷумҳурӣ, ки моҳи январ баргузор шуда буд, дар ин интихобот пешравиҳо ба назар расидааст. Жоао Суареш-раҳбари нозирони интихоботии Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо гуфтааст, мушкил ҳануз зиёд аст ва барои рафъи он бояд корҳои зиёде анҷом гирад.
XS
SM
MD
LG