Пайвандҳои дастрасӣ

Дархости кишварҳои Каронаи Болтик аз Руссия


Руасои ҷамоҳири Латвия, Литва ва Лаҳистон аз Руссия дархост кардаанд, ки ба тамомияти арзии Гурҷистон эҳтиром гузорад. Онҳо дар як эъломияи муштарак дар Рига-пойтахти Латвия аз Руссия хостаанд, ки ба муқаррароти байналмиллалӣ эҳтиром қоил шавад ва аз тадобире, ки боъиси ташаннуҷи вазъ дар Гурҷистон ва минтақа мешавад, худдорӣ варзад. Руасои ин ҷамоҳир ҳамчунин аз натиҷаҳои интихоботи порламонии Гурҷистон ҷонибдорӣ кардаанд ва гуфтаанд, ки ин интихобот мутобиқ ба муқаррароти байналмиллалӣ баргузор шудааст.
XS
SM
MD
LG