Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аврупо хостори равобити наздик бо Укроин шудааст


Бенита Ферреро Валднер-Кумиссари Иттиҳодияи Аврупо дар равобити хориҷӣ гуфтааст, Кумиссюни Аврупо умед дорад, ки то поёни соли 2009 роҷеъ ба таҳкими равобит бо Укроин тавофуқ ба даст меояд. Хонум Бенита ин нуктаро дируз дар поёни мулоқоти Иттиҳодияи Аврупо ва Укроин дар Словениё изҳор дошт. Вай афзуд, вуруди Укроин ба Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат дар ҳафтаи гузашта қадами муҳим ба суи ҳадаф, яъне наздикии равобити Иттиҳодияи Аврупо ва Укроин хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG